Барои бонкҳои ИДМ

Дар бораи ширкати МТМ

Маркази Технологияҳои Молиявӣ (МТМ) – ширкати ТИ Русия, провайдери ҳалҳо барои иштирокчиёни бозори молиявии
ФР ва ИДМ мебошад.
 
МТМ дар бозор аз соли 1991 кор мекунад. Дафтари ширкати он Дар Москва (Маркази маркетинг ва савдо), Новосибирск (Маркази асосии кор карда барори), Санкт-Петербург, Екатеринбург, Ростови канори Дон, Алмаато (Дафтари Осиёӣ), Кишинёв (Дафтари Аврупои Шарқӣ) ҷойгир аст.
 
Шумораи кормандони Гурўҳи Ширкатҳо аз 2200 нафар зиёд мебошад.
 
Силсилаи маҳсулоти ГШ МТМ аз он хизматҳое иборат мебошад, ки барои иҷро намудани тамоми намудҳои фаъолияти бонкҳо, иштироки ташкилотҳои молиявӣ дар бозори пардохт лозим ҳастанд.
 
МТМ ба қатори ТОП-5 калонтарин таҳиякунандагонеки дар бозори Русия фаоълият мекунанд ва ТОП-10 рейтинги ширкатҳои дорои технологияи баланддар ФР “ТехМуваффақият” дохил мешавад.
 
Беш аз 500 бонкҳои ФР ва ИДМ нармафзор ва сервисҳои МТМро истифода менамоянд: Бонки амонатии ФР, Газпромбанк, “Тачаддуд”, Бонки “Русия” “Бонки Санкт-Петербург”, “Уврофинанс Моснарбанк”, “Росгосстрах Банк”, Бонки “УралСиб”, Бонки “Петрокоммерс”, Бонки Милии “ТРАСТ”, “НОМОС Банк”, “МДМ Банк”, Бонки “Кашф”, “Бонки алоқа”, “Экспресс Бонки Шарқӣ”, “РЕСОКредит”, “Нордеа Банк”, Стандарт Банк ва ғайра.
 
Ширкат дар бозори кишварҳои ИДМ фаъолона кор мекунад ва дар миёни таҳиякунандагони Русия яке аз пешсафон аст, ки ҳалҳои тайёри онро дар хориҷи ФР васеъ истифода менамоянд.
 
Мизоҷони МТМ дар кишварҳои ИДМ:
 
Белоруссия
  • БПС-Бонки амонатӣ
Қазоқистон
  • БТА Банк
  • KaspiBank
  • Темирбанк
  • ВТБ Қазоқистон
  • AsiaCredit Bank
  • Таиб Қазоқ Банк
  • Альянс Банк
  • Сеснабанк
Қирғизистон
  • БТА Банк
  • АКБ “Қирғизистон”
  • Залкар Банк
  • МФК “Компанон”
 Тоҷикистон
  • Бонки Миллии Тоҷикистон
  • Бонки тараққиёти Тоҷикистон
  • Агроинвестбанк
  • Фононбанк
  • Бонки Эсхата
Молдавия
  • FinComBank S.A. (Молдавия)
 Озарбайчон
  • ВТБ Озарбайҷон
Барои бозорҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Белоруссия, Молдавия, Тоҷикистон МТМ системаи дистрибутии кишварии МТМ-Бонк (Пойгоҳи 1), МТМ-Ритейл бонк (Пойгоҳи 1), МТМ-ритейл бонк (дар асоси Oracle), МТМ-Фронт-дафтар, МТМ-ХМБро таҳия намуда, ривоҷ медиҳад, ки ба талаботи Бонкҳои Миллии ин давлатҳо мувофиқ аст.

Бонки МТМ

Дар бораи систем

Маҷмӯаи иттилоотии бонкии МТМ-Бонк (Пойгоҳи 1) – ҳалли комплексии автоматикӣ кардани фаъолияти бонкҳо мебошад.
 
Барномаи дастурии МТМ-Бонк ба таври пурра ба стандартҳои баланди бизнеси Бонкии муосир чавоб медиҳад ва дар ташкилотҳои калонтарини молиявии Русия ва кишварҳои ИДМ истифода мешавад.
 
Нишондиҳандаҳои маҳсулнокии МТМ-Бонк.
  • Дар як вақт кор кардани аз 10 то 15 000 корбарон дар минтақаҳои вақти гуногун;
  • Хизматрасонӣ ба беш аз 10 000 000 мизоҷон.
  • Коркарди беш аз 8 000 000 ҳуҷҷатҳо ва беш аз 15 000 000 амалиётҳо дар як шабонарўз;
  • Хизматрасонии беш аз 30 000 000 суратҳисобҳо.
Маҳсулнокии баланд аз ҳисоби меъмории самаранок ва қобили тағйири миқёс меъмории система ба даст меояд, ки дар сурати афзоиши ҳаҷмитиҷорат имконияти ба кор даровардани таҷҳизоти иловагии сервериро дорад.
 
МТМ-Бонк фаъолияти бонкиро дар самтҳои зерин дастгирӣ менамояд:
  • Хизматрасонӣ ба мизоҷони инфироди ва корпоративӣ
  • Амалиётҳои бонк дар бозорҳои молиявӣ ва фондӣ
  • Баҳисобгирӣ ва ҳисоботи бухгалтерӣ
  • Фаъолияти маъмурӣ-хоҷагии бонк
  • Идораи корпоративӣ
Системаи МТМ-Бонк ба ташкилотҳои молиявӣ чизҳои зайлро таъмин менамояд:
  • Хизматрасонӣ ба мизоҷон дар реҷаи 24х7 бо истифодаи каналҳои муосири дистрибутсия.
  • Иҷрои амалиётҳои бонкӣ ба таври қатъӣ мутобиқи сиёсати баҳисобгирӣ ва технологияи кори бонк.
  • Ташкили фазои воҳиди иттилоотии бонк ва муҳияти ягонаи мубодилаи ҳуҷҷатҳои молиявии бонкӣ.
  • Қабул кардани ҳалҳои муассир оид ба идоракунӣ.

Роҳҳои ҷорикунӣ

 
Зуд ҷорӣ кардани Пойгоҳи нави иттилоотӣ дар истеҳсоли саноатӣ яке аз муҳимтарин бартариҳои бозории ҳалҳои технологии МТМ мебошад.
 
Таҷрибаи бисёрсолаи амалӣ кардани лоиҳаҳои ҷорикунӣ дар бонкҳои дорои ҳаҷм ва тахассуси гуногун ба МТМ имконияти ба вуҷуд овардани методологияи муассири насби система ва ба истеъмоли саноатӣ ба кор даровардани онро фароҳам овардааст.
 
Марҳилаҳои лоиҳаи ҷорикунӣ:
  • Омўхтани эҳтиёҷоти тиҷоратии бонк ва тартиб додани нақшаи ҷорикунӣ.
  • Ҷойгир ва танзим кардани нармафзор.
  • Мубаддалсозии иттилооти системаҳое, ки қаблан аз тарафи бонк истифода шудаанд.
  • Тафтиши мукаммалии иттилоот.
  • Дастгирии санҷишӣ дар ҳудуди бонк.
  • Дастгирӣ тавассути канали пўшидаи дурдаст.
  • Мос кардани маҳсулот ба талаботи бонк (ҷорӣ кардани такмилҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ).
  • Таҳияи интерфейсҳо ва интегратсия бо системаҳои беруние, ки аз тарафи бонк истифода мешаванд.
Ҷорӣ кардани нармафзор метавонад аз ҷонибимутахассисони МТМ, гурӯҳҳои лоиҳавии ҳамкорони дорои сертификат , гурӯҳи ТИ бонк пас аз таълими махсус. Амалӣ карда мешавад.
 
Вобаста ба иштироки мутахассисони бонк дар лоиҳаи ҷорикунӣ, МТМ тарзҳои зерини ҷорӣкуниро пешкаш менамояд:
 
  • Ҷорикунӣ аз ҷониби гурӯҳи якҷояи лоиҳавии Бонк ва МТМ
  1. Система аз ҷонибигурӯҳи якҷояи Лоиҳавӣ ба кор дароварда мешавад, ки аз мутахассисони Бонк ва МТМ иборат мебошад. Иштирокчиёни гурӯҳи лоиҳавӣ метавонанд дар ҳудуди Бонк, ё ки дар реҷаи дистансионӣ кор кунанд.
  2. Лоиҳа аз зерлоиҳаҳои гуногун иборат мебошад – «як маҳсулот - як зерлоиҳа».
  3. Ҳар як зерлоиҳа ба натиҷаи тиҷорати мушаххас барои Бонк равона карда шудааст ва санаи оғозмуқарраршуда ва нишондиҳандаҳои маҳсулотро дорад.
  4. Роҳбарии Лоиҳа:
    4.1 Мудири Лоиҳа – Роҳбари Лоиҳа аз тарафи МТМ мебошад, ки барои саривақт ҷорӣ намудани тамоми Маҳсулотҳои барои Бонк зарурӣ масъул аст.

    4.2 Мудири иловагии лоиҳа – роҳбари ҷорӣ кардани нақшаи аниқи Маҳсулоти молиявии Бонк мебошад, ки ба аниқ кардани нишондиҳандаҳо ва санаи ба кор даровардани маҳсулоти мувоиқи Бонк масъул аст. Мувофиқи қоида, ин роҳбари масири тиҷоратии Бонк мебошад, ки дастурҳои тиҷоратии ҳаҷми ҷалбкунӣ, ҷойгиршавӣ, шумораи мизоҷон, фоида ва ғайра тасвир шуда дорад

    4.3 Ҳамоҳангсозӣ зерлоиҳа- роҳбари зерлоиҳа оиди ба кор даровардани Маҳсулоти Молиявии мувофиқ аз тарафи МТМ мебошад, ки барои саривақт ба кор дароварда шудани Маҳсулоти Молиявӣ масъул аст. Кори мутахассисони гурӯҳи Лоиҳавии МТМро оиди ба кор даровардани Маҳсулоти Молиявӣ ҳамоҳанг мекунад.
  5. Ба кор даровардани Маҳсулоти молиявӣ аз чизҳои зайл иборат аст:
    • тадқиқот,
    • корҳо оиди ҷур кардан,
    • табдилдиҳӣ,
    • интегратсия ва кастомизатсияи Маҳсулот мувофиқи талаботи махсуси Бонк,
    • санҷиш дар мавриди қабул ва супоридан,
    • гузариш ва ҳамроҳии назоратӣ,
    • ҷамъбасти моҳ.
  6. Назорати ҳарҳафтаинаи рафти иҷрои Лоиҳа.
Дар ҷараёни иҷрошавии ҳар як зерлоиҳа Мудири Лоиҳа аз тарафи МТМ ва мудири иловагии зерлоиҳа аз тарафи Бонк натиҷаҳои кори ҳафтаинаро қайд ва дастури корро барои ҳафтаи оянда (мутобиқи ҷиҳатҳои муҳими ба кор даровардани Маҳсулот) тасдиқ мекунанд.
 
  • Ҷорикунӣ аз тарафи мутахассисони Бонк
  1. Ба кор даровардани Система бо қувваи гурӯҳи лоиҳавии Бонк ба амал бароварда мешавад. Ин ҳал ба кам шудани ноқисиҳои фаъолияти Бонк дар мавриди ҳалли корҳои типикӣ оиди ҷорикунии Маҳсулот кӯмак менамояд.
  2. Ба Бонк Методикаи ҷорикунии Система пешниҳод карда мешавад, ки дастури мукаммали чорикунӣ, тавсияҳоро оиди ба амал баровардани ҳар як давраи Лоиҳа аз ташккул додани гурӯҳи Лоиҳа ва Маҷмўаи Идоравӣ-Барномавӣ то ба кор даровардани хидмати ҳамроҳи МТМ пас аз барои истифодаи саноатӣ ба кор шурўъ кардани Маҳсулотҳоро дорад.
  3. Барои боло бурдани самаранокии ҷорикунӣ ва зиёд намудани суръати давраи омодасозӣ ва оғози Лоиҳаи МТМ таълими масофавии гурӯҳи Лоиҳавии Бонкро дар вақти кор бо Система, ҳамчунин таълими рӯзонаро оиди ҷорикунӣ барои гурӯҳи ТИ Бонк пешниҳод менамояд.
  4. Барои таъмин намудани кўмаки машваратии зарурӣ аз тарафи МТМ Мувофиқкунанда ба давраи иҷрои корҳо оиди Лоиҳа таъин мегардад.
  5. МТМ барои ҷойгир кардани мавод оиди Лоиҳа, Дохил шудан ба Портал Портали Лоиҳавиро пешниҳод менамояд ва он ба доираи ашхоси мувофиқ карда шуда дода мешавад.
  6. Барои иҷро намудани вазифаҳои муайян мувофиқи талабномаи пешакӣ, ки ба Мувофиқкунандаи Лоиҳаи МТМ фиристода мешавад, чалб кардани мутахассисони сертификат дошта эҳтимолият дорад. Пардохт аз рўи фактҳои корҳои иҷрошуда ба амал бароварда мешавд.
  7. Пас аз ҷорӣ кардани Маҳсулотҳо ба истеъмоли саноатӣ ва табдили нақшаи Система ба версияи актуалии МТМ аудити нақшаи Бонк гузаронида мешавад ва Бонкро ба хизмати ҳамроҳӣ насб мекунад.
  8. Барои тасдиқи хостаҳои Тарафайн дар бораи ҷорӣ кардани Маҳсулотҳо дар муддати мувофиқакардашуда шартнома дар бораи ҷорикунии мустақилонаи Маҳсулотҳои Система имзо карда мешавад.
 Хизматҳо оиди ба кор даровардани система
  • Таълимдиҳӣ
  • Устувор кардани СА, СИМБ, Пойгоҳи
  • Баҳо додан ба сифати маълумотҳои пешакӣ гирифташуда
  • Ба кор даровардани Маҳсулотҳо/Замимаҳо
  • Интегратсияи Замимаҳо
  • Модификатсияи Маҳсулотҳо/Замимаҳо
  • Рўзҳои санҷиш
  • Санҷиш бо дохилкунӣ
  • Назорати ҳамроҳӣ
  • Консултатсияҳо оиди ташаккул додани ҳисоботи ҳатмӣ
  • Консултатсияҳо оиди пўшидани моҳ

МТМ-Фронт-дафтар

МТМ-Фронт-дафтар – ҳалли барноамвӣ барои кўмак кардан ба бизнес-чараёнҷараёнҳо оиди пешниҳод кардани маҳсулоти қарзӣ ва хизматҳо ба ашхоси ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ: қабул ва дида баромадани талабномаҳои қарзӣ, бастан ва дастгирӣ кардани муоҳидаҳои қарзӣ мебошад.
 
МТМ-Фронт-дафтарвасилаи ТИ самараноки, коркарди талабномаҳои қарзӣ мебошад.
 
МТМ-Фронт-дафтар ба ҳар гуна ташкилоти қарздиҳанда мутобиқ мешавад, зеро ки механизми мосшавандаи танзим ва мос кардани чараёнро, яъне шакли талабнома, ҷараёни тафтиши талабнома, қолибҳои ҳуҷҷатҳоро дорад. Ҳал ба ҳамагуна АБС-и интегратсия мешавад.
 
Маҷмӯаи Замимаҳои МТМ-Фронт-дафтар автоматикӣ кардани чунин самтҳои фаъолияти қарздиҳии Бонкро таъмин мекунад, аз ҷумла:
  • Додани қарз барои автомобил
  • Қарзҳо барои манзил
  • Қарзҳо барои тиҷорати хурд ва миёна
  • Экспресс-қарздиҳӣ
 
Имкониятҳои умумии функсионалии маҷмўаи Замимаҳои фронт-дафтари МТМ:
  • Танзими марҳилаҳои коркарди талабномаҳо барои гинрифтани қарз;
  • Калкулятори қарздиҳӣ;
  • Нигоҳ дошатни таърихи коркарди талабномаҳо;
  • Танзими шароити мосшавандаи маҳсулоти қарзӣ;
  • Ҳисоб кардани арзиши пурраи қарз;
  • Танзими ҳошияҳои ҳатмӣ барои пур кард;
  • Танзими шакли анкета-талабнома барои додани қарз;
  • Нусхабардорӣ ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо дар система;
  • Кор бо файлҳо ва тасвирҳо;
  • Чоп кардани пакети ҳуҷҷатҳо;
  • Тафтиш кардани мизоҷ аз рўи стоп-рӯйхатҳо (рўйхатҳои сиёҳ, рўйхати мизоҷоне, ки вақти бозгардондани қарзашон гузаштааст/таърихи манфии қарз, рўйхати он мизоҷоне, ки барояшон скоринг рад карда шудааст);
  • Назорати гувоҳномаҳои беэътибор;
  • Нигоҳ доштан ва интиқол додани иттилооти зарурӣ барои кушодани шартномаҳо, ҳисобҳо ва ғайра дар системаи баҳисобгирӣ;
  • Дохил кардан ва коркарди талабномаҳо барои тағйир додани маълумотҳои дар анкета будаи мизоҷ;
  • Қайди нармафзор;
  • Кушодани шартномаҳои хизмати масофавии бонк бо алоқамандкунии автоматикии ҳисоб, ки дар он додани қарз ба амал бароварда мешавад;
  • Қайди иттилоот дар бораи суғурта (агар суғуртакунӣ дар шарти маҳсулоти қарзӣ пешбинӣ шуда бошад);
  • Қайди иттилооти молиявии ташкилот (ҳисоботи бухгалтерӣ ва идоравӣ) барои таҳлили минбаъдаи қобилияти пардохти мизоҷ;
  • Гирифтани ҳисоботи таъҷилӣ.
 

Функтсионал барои тафтиши қарзгирандагони эҳтимолӣ

Гирифтани маълумоти дуруст дар бораи қарзгирандаи эҳтимолӣ бо мақсади баҳодиҳӣ ба қобилияти пардохти он як қисми ҷудонашавандаи ҷараёни қарздиҳӣ мебошад. МТМ-Фронт-дафтар ба Бонк имконияти автоматикӣ кардани системаи тафтиши маълумотҳои аз тарафи қарзгиранда пешниҳодшаванда ва ҳисоб кардани қобилияти пардохти ўро фароҳам меорад.
 
  • Экспертизаи талабномаи қарзгирӣ
Замима имконият медиҳад, ки экспертизаи талабномаи қарзгирӣ аз ҷиҳатҳои гуногун, масалан, хадамоти бехатарӣ, андеррайтинг ва ғайра, ташкил карда шавад.
 
Функтсионал имкон медиҳад, ки:
  • Барои гузаронидани экспертизаи талабномаи қарзгирӣ вазифаҳоро ташакккул диҳад, вобаста ба:
    • Марҳилаи коркарди талабнома
    • Маҳсулоти қарзӣ
    • Мақоми мизоҷ дар талабнома ва намуди таъминот
    • Маблағи қарз
    • Намуд ва муҳлати қарз ва ҷиҳатҳои дигар
  • Ташаккул додани вазифа барои гузаронидани экспертиза аз рўи ҷавоби системаи хориҷии скоринг
  • Қайд кардани хулосаҳои ҳар як экспертиза ва дар асоси он ташаккул додани ҷараёни минбаъдаи коркарди талабномаҳо
  • Қатъ кардани минбаъда дида баромадани талабнома вобаста ба натиҷаи хулосаи эксперт
  • Истифода кардани натичаҳои хулосаҳои экспертии қаблан ба даст овардашуда ҳангоми гузаронидани экспертизаи талабномаи оянда
     
Имтиёзҳо барои бонк:
  • Ба вучуд овардани базаи ягонаи маълумотҳо барои дар як марказ коркарди талабномаҳои ҳам ба дафтари асосии бонк ва ҳам ба шўъбаҳои минтақавии он омада;
  • Ба вуҷуд овардани бойгонии ягонаи талабномаҳои омада ва натиҷаҳои тафтиши онҳо барои истифода кардани ин маълумотҳо ҳангоми коркарди талабномаҳои нави воридшуда;
  • Таъмини ба шакли ягона овардани назорати кори ходимони шўъбаи таҳлили хавфҳо аз тарафи хадамоти бехатарии бонк ҳангоми таҳлил кардани анкетаҳои қарзгирандагон.
 
  • Интегратсия бо системаи касбии скоринги NBSM
Аз ҳисоби интегратсияи МТМ-Фронт-дафтар бо системаи касбии скоринги New Business Strategy Manager (NBSM) Бонк имконияти ба таври аксар тартиб додани маълумотро дар бораи ҳар мизоҷ, боло бурдани сифати ҳалҳои қабулшуда, ҳамчунин портфели қарзро ба даст меорад, сатҳи хавфҳои қарзӣ ва амалиётиро паст мекунад.
 
Маълумотҳои аз системаи NBSM воридшуда ба Бонк имкон медиҳад, ки ба таври мувофиқ хавфҳои ҳангоми тайёр кардани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ба амал омадаробаҳо диҳад, зуд қарор қабул кунадардан ва натиҷаи кор бо ҳар як мизоҷро аниқ муайян намояд.
 
Интегратсияи МТМ-Фронт-дафтар бо системаи NBSM имконияти гузаштанро аз модели баҳодиҳии экспертии қарзгирандагон ба модели эҳтимолӣ-статистикӣ фароҳам меорад, ки он дар асоси маълумотҳои статистикӣ таҳия карда шудааст.
 
  • Гирифтани иттилоот аз БКИ
Дар МТМ-фронт-дафтар имконияти гирифтани маълумотҳо аз бонкҳои калонтарини БКИ-НБКИ, “Эквифакс Кредит Сервисиз” ва “Экспериан-Интерфакс” мавҷуд мебошад.
 
Ҳамкории Бонкро бо БКИ дар бораи таърихи қарзи қарзгирандаи асосӣ, гирифтани ҳисоботи таъҷили ва мукаммал таъмин менамояд.
 
Имкониятҳои зерин барои Бонк мавҷуд мебошанд:
  • Ташаккул додани эҳтиёчҳо ба БКИ дар бораи қарзгирандаи асосӣ ва коркарди ҳисоботи гирифташуда
  • Гирифтани ҳисботҳои қарзгирӣ оиди қарзгирандагони асосии бонк
  • Ҷамъ кардан ва нигоҳ доштани иттилоот дар бораи мизоҷон ва таърихи қарзгирӣ
  • Ба вучуд овардани баъзаи маълумотҳо оид ба таърихи қарзгирии мизоҷони дар амал буда ва мизоҷони эҳтимолии бонк.
Истифода кардани Замимаҳо барои ҳамкорӣ бо БКИ, ба Бонк кўмак мекунад корҳоро мутобиқи тамоми талаботи қонунҳоташкили намояд ва хавфҳои инфиродӣ ва умумии қарзро ҳаддалимкон коҳиш диҳад.
 

Дастгирии гардиши ҳуҷҷатҳо

  • Логистикаи ҳуҷҷатҳо
Да қисмати кўмаки технологии дастгирӣ кардани табдили ҳуҷҷатҳо МТМ-Фрон-дафтар кори назоратчиёни масъулро автоматикӣ месозад, ки дар мавриди қабул, тафтиш, додан ва нигоҳ доштан, ҷустуҷў кардани ҳуҷҷатҳои дар вақти ба мизоҷ барои додани маҳсулоти бонкии қарз тайёр карда шудаанд. Ин чиз ба боло бурдани самаранокии кори ходимони Бонк бо ҳуҷҷатҳои коғазии мизоҷон, кумак медиҳад ва коргузориро шаффофтар месозад.
 
Дар МТМ-Фронт-дафтар амалиётҳои зерин иҷро мегарданд:
  • Ба система дохил кардани иттилоот дар бораи дуруст тартиб додан ва пуррагии ҳуҷҷатҳои аз нуқтаҳои фурўш воридшуда
  • Истифода кардани штрих-коди ягона ба нусхаҳои коғазии ҳуҷҷатҳо
  • Ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳо аз рўи штрих-код
  • Сохтани парвандаҳои электронии мизоҷон
  • Муайян кардани масири парвандаҳои электронии мизоҷон, ки дар мавҷи коргузории бонк ҳаракати нусхаи парвандаҳои мизоҷонро инъикос менамояд
 

Нармафзори система

Тамоми нармафзоре, ки барои ташкили кори фронт-дафтар зарур аст, дар воситаҳои дастгоҳии бонк ҷойгир карда мешаванд.
 
Эҳтимоли намунавии аз тарафи бонк истифода кардани системаи МТМ-Фронт-дафтар ҳамчун замимаи абрӣ мавҷуд мебошад. Дар чунин ҳолат система дар воситаҳои дастгоҳии ширкати МТМ ҷойгир карда мешавад ва ба ташкилоти қарздиҳанда бо шарти аутосоринг дода мешавад.
 
Барои дохилшавӣ ба системаи мутахассисони шўъбаи фронт-дафтар, ки дар ҳудуди бонк ҷойгир мебошанд, ҷои кории универсалии истифодакунанда “МТМ-Навигатор” истифода мешавад.

ЦФТ-Страхование

-

МТМ-ХМБ

МТМ ба бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии кишварҳои ИДМ асбоби фоиданоки боло бурдани садоқати мизоҷони мавҷуда ва ҷалб кардани мизоҷони нав, ҳамчунин то ҳадди ақалл кам кардани ноқисиҳои иҷрои амалиётҳои асосии Бонкиро бо роҳи истифода бурдани маҳсулоти электронии Бонкии муосири идораи масофавии ҳисобҳо - системаи МТМ-ХМБро пешниҳод менамояд.
 
Системаи “МТМ-ХМБ” таҷрибаҳои беҳтарини маркази ҷараёнии ХМБ-Faktura.ru -ро дарбар гирифтааст, ки аз аз соли 2000 инҷонибхизматрасониҳои бонкдории интернетӣ ва мобилиро ба иштирокчиёни системаи Бонкии Русия дар асоси усулҳои аутосоринги технологӣ пешниҳод мекунад. Имрўз ХМБро таҳти бренди Faktura.ru бомуваффақият беш аз 300 бонк ва шўъбаҳои онҳо дар 130 шаҳрҳои Русия истифода менамоянд.
 
Дар айни замон системаи “МТМ-ХМБ” бомуваффақият дар ҳудуди ИДМ дар чунин бонкҳо аз қабили АКБ “Қирғизистон”, БТ “Агроинвестбонк” (Тоҷикистон) истифода мешавад ва боз як қатор лоиҳаҳо дар ҳолати татбиқкунӣ мебошанд. Дар Федератсияи Русия ҳалли мазкур бомуваффақият дар кори бонкҳои амонатии Урали Ғарбӣ, Сибири Ғарбӣ, Шимолу Ғарбӣ, Ҷанубу Ғарбӣ, Урал ва Сибир истифода мегардад.
 
Манфиатҳои асосии бонк аз истифода бурдани системаи хизматрасонии масофавии бонкӣ аз инҳо иборатанд:
  • Хусусиятҳои баланди истифодадар оянда- на камтар аз даҳ сол;
  • Ҷорӣ кардани ҷараёнҳои муқаррарӣ ва маҳсулотҳо дар шароити нигоҳ дошта шудани ноу-ҳауи бонк;
  • Таъмини ҳалл бо миқёси танзимшаанда, бо сатҳи баланди мобилӣ ва маҳсулнокӣ.
  • Таъмини ҳалли интегратсионӣ дар замина муосир;
  • Таъмини дастгирии сифатнок ва имконияти интиқоли функсияҳои дастгирӣ ва ривочдиҳӣ ба ҳамроҳии мутамарказ;
  • Сармоягузории маблағҳо ва воситаҳо барои рушди фаъолияти бонк.
 

МТМ-ХМБ ин...

Ҳалли паҳншавандаи пуррафунктсионалии хизмати масофавии Бонкиро ба таври қулай ва эътимоднок тавассути шабакаи Интернет таъмин менамояд.
 
Ҳалл ба асоси принсипҳои просесинги марказонидашудаи ҳуҷҷатҳои электронӣ таҳия шудааст. Система имкон медиҳад, ки тамоми маълумотҳои дар бораи суратҳисобҳои дар Бонки Шумо кушодашуда дар як система муттаҳид карда шаванд. Ҳамин тариқ, имконияти мизоҷон дар мавриди гирифтани маълумот дар бораи захираҳои молиявии худ дар интерфейси ягона ва равзанаиягона”таъмин карда мешавад.
 
“МТМ-ХМБ” имконияти даҳҳо маротиба кам кардани арзиши аслии ба амал баровардани амалиётҳои гуногунро дар муқоиса бо тарзҳои анънавии хизматрасонӣ аз ҳисоби кам картани сарфу хароҷотҳои бонк дар мавриди ба иҷорагирӣ, таҷҳизонидани дафтарҳо (Ҳамчунин бо ба назар гирифтани ривоҷ додани шабакаи шўъбаҳо, ки бисёр қимат мебошанд), додани маоши кормандон ва харҷҳои дигари маъмуриро таъмин месозад.
 
Маҷмӯи технологии МТМ-ХМБро истифода намуда бонк ба мизоҷҳои корпоративӣ ва якка истифодаи маҳсулотҳои Бонкии бештар муосири электрониро ба пешкаш кардан имконият дорад, ки эҳтиёҷҳои онҳоро дар соҳаи идораи масофавии ҳисобҳои худ қонеъ менамояд.
 
Тачрибаи бисёрсолаи таҳия, татбиқ кардан ва мос намудани система ба МТМ имкон медиҳад, ки тамоми корҳои татбиқи системаи пешниҳодшаванда, ҳамчунин методикӣ, ташкилотӣ ва таъминоти барномавиро то охир ба анҷом расонанд, ба корбарон таълим диҳад ва минбаъд ба онҳо ҳамроҳӣ намояд.
 
Инстализатсияи ситемаи “МТМ-ХМБ” интегратсияи максималиро бо Системаи Автоматикии Бонк, протсесингҳои кортӣ ва барномаи бухгалтерии 1С, интиқоли маълумотҳо аз тариқи каналҳои пўшидаи алоқа, таъмини чораҳои бехатарии иттилоотӣ, кўмаки бомалакаи технологиро тақозо менамояд.
 
Бонк система ва технологияи тайёрро мегирад, ки зуд инстализатсия мешавад ва ба осонӣ миқёси худро пайдо мекунад, мизоҷони он бошад, дар амал имкониятҳои беканорро дар мавриди идораи масофавии ҳисоби Бонкии худ аз тариқи Интернет пайдо менамоянд.
 
Функтсияҳои асосии ситема
  • Ба таври автоматикӣ додани сертификати ИРЭ (Имзои рақамии электронӣ);
  • Давом додани муддати ИРЭ;
  • Қайди автоматикии шартномаҳо дар системаи ХМБ;
  • Пешниҳод кардани маълумот дар бораи ҳолати ҳисоб ба мизоҷон;
  • Ба мизоҷон пешниҳод кардани қайдҳо оиди ҳисоб ба муддати муайян;
  • Талабномаҳо аз мизоҷон барои тафтиш ва тасдиқ кардани маблағи дар ҳисоб боқимонда;
  • Талабномаи мизоҷон барои тафтиш ва тасдиқи боқимондаи маблағ дар ҳисоб;
  • Аз мизоҷон қабул кардан ва коркарди супоришҳои пардохт;
  • Аз мизоҷон қабул кардан ва коркарди аризаҳо барои конвертатсия кардани маблағҳои пулӣ;
  • Фиристодани интиқоли аъсор бо конверсия;
  • Ба таври автоматикӣ фиристодани хабарномаҳо ба мизоҷон дар бораи интиқоли воситаҳои пулӣ ба ҳисоби транзитӣ;
  • Ба мизоҷон фиристодани хабарномаҳо дар бораи гузаронидани пули миллӣ ба суратҳисоб, ки аз шахси ғайрирезидент омадааст;
  • Аз мизоҷон қабул кардан ва коркарди аризаҳо дар мавриди аз ҳисоби транзитӣ баровардани воситаҳои пулӣ;
  • Дастгирӣ кардани кор бо лоиҳаҳои маошӣ: ҳамоҳангсозии иттилоот дар бораи шартномаҳои маошии мизоҷ, қайди автоматикӣ дар системаи ХМБ, коркарди феҳрист барои кушодани ҳисобҳо, коркарди феҳрист барои дохил кардани маблағ;
  • Нигоҳ доштани як миқдори маблағ мувофиқи нархномаи бонк;
  • Имконияти назорат ва тасдиқи интиқоли маблағҳое, ки хавф доранд.
 
Бартариҳои бешубҳа
 
Муттасил будан
“МТМ-ХМБ” барои хизматрасонии шабонарўзии миқдори зиёди истфодакунандагон пешбинӣ карда шуда, фаъолияти муттасилро дар тўли 24 соати шабонарўз, 7 рўзи ҳафта , 365 рўзи сол таъмин менамояд.
 
Универсалӣ будан
Ҳалли мазкур имкон медиҳад. ки инфраструктураҳои калонидора карда шаванд ва ба гурўҳҳои гуногуни корбаронхизмат расонида шавад; ҳамин тариқ, тамоми мизоҷони бонк, хоҳ инфиродӣ ва хоҳ корпоративӣ, истеъмолкунандагони хизматҳои заминавӣ ва мизоҷони дорои талаботи баландтарин тамоми функсионалҳои заруриро дар сервисҳои “МТМ-ХМБ” пайдо карда метавонанд.
 
Каммасраф будан
“МТМ-ХМБ” ин арзиши камтарини хизматҳои бонкии масофавӣ буда, ба ҳадди зиёд оддӣ ва функсионалӣ аст. Бо “МТМ-ХМБ” ҳар гуна амалиёти бонкӣ бо шахси воқеӣ, ҳамеша. дар ҳар ҷое, ки Интернет мавҷуд аст, дастрас мебошад.
 
Оддӣ будани истифода
Интерфейси истифодакунанда дар “МТМ-ХМБ” барои кори корбароне, ки дониши ночиз дар бораи технологияҳои иттилоотӣ ва сатҳи начандон баланди огоҳӣ аз нозукиҳои ба амал баровардани амалиётҳои бонкӣ доранд, мос карда шудааст. Малакаҳои умумии кор бо Интернет кифоят мекунад, ки барномаҳои иловагӣ ё литсензияҳои[1] дигарро талаб намекунад.
 
Беназир будан
Бастаи мавҷудаи опсияҳоро бонк метавонад бо сервисҳои беназир, инфиродӣ, ки дар бозор мавҷуд намебошанд васеъ намояд. Бонк имкони пешниҳод кардани сервисҳоро дар “формати динамикӣ” дорад, зуд ҷавоб додан ба таъсири конъюктураи бозор, ташаккул додани рўйхати зарурии имкониятҳои функсионалӣ мутобиқи эҳтиёчҳои мубрами мизоҷон.
 
Миқёсӣ будан
“МТМ-ХМБ” дар худ як қатор системҳои поёниро муттаҳид месозад, онҳо аз рўи каналҳои гуногуни дохилшавӣ хизматрасонии масофавиро таъмин менамоянд.Тамоми системҳои поёнии ҳалл дар муҳити воҳиди иттилоотӣ алоҳида ё ки ба таври комплексӣ кор мекунанд. Системаҳои поёнӣ бо ядрои умумӣ, пойгоҳи марказии иттилоотӣ ва сервери ягонаи “МТМ-ХМБ” интегратсия шудаанд.
Модели бисёр истифодашаванда ва ҷараёнҳои зиёди коркарди маълумотҳо имкони бемаҳдудият зиёд кардани миқёси системаро ба миён меорад.
 
Махфият
Барои таъмин намудани махфияти иттилоот дар “МТМ-ХМБ” маҷмӯи пурраи чораҳои технологӣ истифода мегардад, аз ҷумла системаи ҳимояи криптографии иттилоот, ба таври опсионалӣ бо кўмаки ВҲКИ (воситаи ҳимояи криптографии иттилоот) мушаххаскунии иловагӣ пешбинӣ шудааст, ҳимояи васлшавӣ тавассути протоколи SSL (Secure Socket Layer) таъмин карда мешавад.
 
Бехатарӣ ва ҳимояи иттилоот
 
Барномаи амалии пурқудрат
Маҷмӯи “МТМ-ХМБ” дар базаи Системаи Амалиётии Unix кор мекунад, вай барои ташкил кардани ҳалҳои калони саноатӣ пешбинӣ шудааст. Вай тамоми воситаҳои зарурии амалӣ кардани бехатарии иттилоотии дараҷаи баланд дорад, ҳалҳои мос ва ба раъд кардан устувориро метавонад ба вуҷуд орад. Дар системаи “МТМ-ХМБ” мавҷудияти тамоми унсурҳои технологӣ ва ҳуқуқӣ барои табдили ҳуҷҷатҳо байни мизоҷ ва бонк таъмин карда шудааст.
 
Имзои электронӣ-рақамӣ
Ҳамчун альтернативаи имзои шахсии мизоҷ истифодаи имзои электронӣ-рақамӣ (ИРЭ) пешбинӣ гардидааст, он аз сертификаҳои рақамии дар шакли Х.509 v3 иборат мебошанд ва ба стандартҳои байналмилалии PKCS мувофиқат доранд. Шакли имзои электронӣ-рақамии ИРЭ дар базаи стандарти XML Signature ичро шудааст, мўҳлати амал кардани сертификати рақамӣ аз вақти бароварда шудани он як солро ташкил менамояд.
 
Ба комплекти таҳвилшавандаи МТМ-ХМБ Тасдиқкунандаи Маркази Рақамии Сертификатҳо метавонад ҳамроҳ карда шавад, вай барои генератсия ва назорати Сертификатҳои рақамии ба истифодакунанда дода шуда истифода мегардад.
 
Системаи хавф-назорат
Бонк имконияти танзими мезонҳои зерини назоратро дорад: зиёд кардани миқдори маблағи ба амалиёт дода шуда, IP суроғаи нав барои ҳамин истифодакунанда, илова кардани контрагенти нав, ки ба фоидаи ў маблағ гузаронида мешавад, зиёд кардани лимити шабонарўзӣ ба миқдори маблағи дар амалиёт буда, назорати нафари гиранда аз тариқи “рўйхати сиёҳ.
 
Қать карда шудани маблағҳои дохилшаванда аз тарафи ходими бонк пас аз тафтиши иловаги метавонад ба коркарди минбаъда фиристода шавад.
 
Аутентификатсияи омилҳои зиёд дошта
Барои ҳимоя кардани канал протоколи SSL, бо дарозии калиди сессионии 128-бит дар режими аутентификатсияи дутарафа истифода мешавад.Ҳамчун илова дар вақти дохилшавӣ ба Интернет-бонк истифодакунанда натанҳо дар дараҷаи SSL аутентификатсия мекунад, ҳамчунин бо кўмаки ҳуҷҷати ба имзо расидаи ИРЭ XML.
 
Системаи ягонаи аудит
Системаи ягонаи аудит имкон медиҳад, ки амалиёти тамоми иштирокчиёни ҷараён ба таври мутамарказ қайд карда шавад, яъне аз ходимони ташкилотҳо-мизоҷон то роҳбарони бонк ва филиалҳои онҳо. Ҳамчун натиҷа, тамоми ҳаракатҳо (дохилшавӣ, тайёркунӣ ва фиристодани ҳуҷҷатҳо, тағйир ёфтани иттилооти алоқавӣ, барои ходими бонк бошад – тағйир ёфтани досьеи мизоҷ, танзим кардани ҳуқуқ ва ғайра) ба маҷалла дохил карда мешаванд ва ба шакли ҳуҷҷатҳои алоҳида аз тарафи ИРЭ имзо мегарданд ва тайёр карда мешаванд.
Дар навбати худ ба мизоҷ имконияти тағйир додани баъзе маълумотҳо ба монади (суроғаи почта, иттилоот дар боари алоқа) дода мешавад. Барои тағйир додани маълумотҳои асосӣ ба бонк додани ҳуҷҷатҳои тасдиқ шуда лозим мебошад, аз он ҷумла дар шакли электронӣ бо воситаҳои ситема.
 
Воситаҳои ҳимояи дастгоҳӣ
Барои ташкили комили табдили электронии ҳуҷҷатҳои ҳимоя дошта дар байни бонк ва мизоҷ ҳамчун воситаи қать кардани дохилшавии шахсони нияти бад дошта ба имзои рақами электронии мизоҷ дастгоҳҳои воситавии ҳимояи калидҳои ИРЭ (калидҳои USB) истифода мешаванд, ки хондани иттилоот дар онҳо имконнопазир аст.
 
Механизмҳои иловагии бехатарӣ
Барои ҳимоя аз дохилшавии ноқонунӣ ба система ҳангоми аз тарафи мизоҷ истифода шудани калид, чораҳои иловагии механизми бехатарӣ ба монади назорати босираи маҷаллаи дохилшавӣ ба Интернет-бонк аз тарафи истифодакунанда, системаи назоратии аз рўи мизонҳои муайян аниқ кардан ва қать намудани пулгузарониҳои шубҳанок пешбинӣ шудааст.
 

Имкониятҳо барои мизоҷони бонк

Интернет-бонк барои шахсони ҷисмонӣ
 
Сервис ба мизоҷ имконияти зеринро медиҳад:
  • Назорат кардани ҳолати ҳисоби худ: маблағҳои боқимондаро дар ҳисоб/корт, ба гирифтани қайдҳо оиди ҳисоб;
  • Тақсим кардани воситаҳо байни тарзҳои гуногуни пулгузаронӣ;
  • Ба амал баровардани додани пул аз рўи реквизитҳи ихтиёрӣ, аз ҷумла бюджетӣ, бо имконияти истифода кардани онҳо ҳангоми тайёр кардани маълумотномаҳои гуногуни гузаронидани пул;
  • Ташаккул додани пулгузаронӣ аз рўи қолиб ва бо кўмаки амалиёти нусхабардории ҳуҷҷатҳои қаблан тайёр карда шуда;
  • Ба амал баровардани ирсоли аъсор ва амалиётҳои конверсионӣ;
  • ҷўр кардан ва гирифтани хабарномаҳои e-mail дар бораи ҳаракатҳои дар ҳисобҳо буда, воситаҳои дар ҳисоб боқӣ монда, ҳолати ҳуҷҷат, омадани ҳуҷҷатҳо аз бонк;
  • Масофавӣ, яъне ба бонк наомада нав кардани сертификати ИРЭ;
  • Барои дохил шудан ба ҳисоб истифода кардани компьютери шахсӣ;
  • Чўр кардан ва гирифтани e-mail дар бораи амалиётҳои содиршаванда дар система (дохилшавӣ, фиристодани маблағҳо)
  • Ба сифати воситаи бехатарӣ истифода кардани сертификатҳои ИРЭ
 
Интернет-бонк барои шахсҳои ҳуқуқӣ
 
Сервис ба мизоҷ чунин имкониятҳоро медиҳад:
  • Назорат кардани ҳолати ҳисобҳо: боқимондаҳои воситаҳо дар ҳисобҳо, гирифтани нусхаи ҳисоб;
  • Идора кардани тамоми ҳисобҳо, ки дар филиалҳои гуногун кушода шудааст ё/ё ин ки ба таркиби холдингии ташкилотҳои гуногуни мизоҷ “дар як тиреза” мансуб мебошад;
  • Ташаккул додан ва ба бонк фиристодани талабномаҳои пулгузаронӣ;
  • Ташаккул додан ва ба бонк фиристодани гузаронидани воситаҳо дар асъор;
  • Ташаккул додан ва ба бонк фиристодани ариза барои харидан/фурўхтан/конверсияи аъсор;
  • Фиристодан ва аз бонк гирифтани ҳуҷҷатҳои шакли озодона дошта бо имконияти истифода намудани қолиби аз тарафи бонк додашуда ва ҳамроҳ кардани файлҳо;
  • Иҷро кардани воридоти ҳуҷҷатҳо аз барномаҳои бухгалтерии хориҷӣ ва содир кардани нусхаҳои бардошта шудаи онхо;
  • Ташаккул додани маълумотномаи контрагентҳо ҳангоми ташкили пулгузаронӣ: аз нусхабардорӣ, бо роҳи ворид кардан аз файли хориҷӣ, бо роҳи тайёр кардани ҳуҷҷат аз рўи қолиб, бо кўмаки амалиёти нусхабардории ҳуҷҷатҳои қаблан тайёр карда шуда;
  • Тасдиқ намудани тамоми ҳуҷҷатҳо бо имзоҳои электронӣ аз рўи “қоидаи ду даст” бо имконияти муқаррар намудани дасти сеюм, яъне имзои “назораткунанда” (ташкилоти асосӣ, мақоми назораткунанада);
  • Ҷӯр кардан ва гирифтани хабарномаи e-mail дар бораи ҳаракатҳо дар ҳисобҳо, воситаҳои боқимонда дар ҳисоб, ҳолати ҳуҷҷат, омадани ҳуҷҷат аз бонк;
  • Барои дохил шудан ба ҳисоб истифода кардани компьютери шахси.
 

[1] Барои оғози кор кифоя аст, бастаи насбкунии иборат аз сертификатҳо, қисмати бехатарӣ ва драйвери ридери калиди электронӣ насб карда шавад

Пойгоҳи технологи 1

Пойгоҳи 1 – барои системаи иттлиоотии Бонк барномаи амалиёти саноатӣ мебошад, бо сарбориҳои баланди трансаксиони, ҳазорҳо корбарон , миллионҳо ҳуҷҷатҳо ва ҳисобҳо қобили кор кардан дорад.
 
Пойгоҳи 1 Пойгоҳи инструменталии насли нав мебошад, маҳсули кор карда баромадаи худи МТМ аст.
 

Бартариҳои меъморӣ-технологӣ

Имкониятҳои параметризатсиякунӣ
 
Ядрои система ҳамин тавр ба нақша гирифта шудааст, ки ҷўр кардани функтсионали бонк бо воситаҳои маъмурӣ амалӣ мешаванд. Мутахассисони бонк имконияти “барномавӣ” карданро ба даст меоранд, барои ин ба таври таъчилӣ чунин параметрҳои системаро ба шакли муйян меоранд, ҳамчун танзими интерфейси истифодакунанда, халқаҳои технологии давр задани ҳуҷҷатҳо, алгоритмҳои амалӣ ва параметрҳои истифода вобаста ба талаботи бизнес.
 
Интегратсия бо қиматҳои дигар
 
Дар исми базавии система қисмати универсиали содир/ворид кардани маълумотҳо дар форматҳои гуногун мавҷуд аст, вай имконияти интегратсияшавиро бо замимаҳои гуногуни берунӣ, проссесингҳо ва системаи иттилоотӣ таъмин менамояд.
 
Модели мутамаркази маълумотҳо
 
Дар асоси система нигоҳ доштани иттилоот дар МТМ-Бонк базаи маълумотҳои ягона мавҷуд аст, бо туфайли он интегратсияи пурра дар дараҷаи нигодории маълумотҳо таъмин карда мешавад. Аз ҳисоби истифода кардани махзани ягона система ҳангоми иҷрои ҳар гуна амалиёт бо тамоми иттилооти дар он чамъ шуда кор мекунад.
 
Таркиби модулӣ
 
Имконияти Пойгоҳи инструменталӣ имкони татбиқ намудани системро тибқи принтсипи модулии қисматҳо ба миён оварданд, ҳар кадоми он ба ҳалли доираи муайяни вазифаҳо равона карда шудааст (амалиётҳои асосии Бонкии хизматрасонӣ ба мизоҷ ҳисоби аналитикӣ ва ҳисобот, идораи стратегии ба бонк ва ғайра). Вобаста ба ин технология нигоҳдории марказонида шудаи маълумотҳои асосиро ва “бенизо” кор кардани системҳои гуногуни иттилоотии бонкро таъмин месозад. Принтсипи модули ба вариатсияи меъморӣ қарор роҳ медиҳад, барои дастгирӣ кардани бизнеси Бонки миқёси ва намуди гуногун фаъолият дошта.
 
Дар система истифода кардани модулҳои функтсионалӣ ба бонк имконияти истифодаи танҳо он модулҳоеро медиҳад, ки онҳо дар лаҳзаи мавҷуда заруранд Тақсимот ба модулҳои функтсионалӣ ба маҳсулоти асосии бонк вобастагии зиёд дорад. Бо баробари васеъ шудани теъдоди амалиётҳои ичрошаванда имконияти давра ба давра зиёд кардани қудрати система аз ҳисоби насб кардани модулҳои нав таъмин мегардад.
 
Миқёсӣ будани он
 
Қарор дар амал миқёси беканорро таъмин менамояд. Ин чиз хусусан барои бонкҳо мубрам аст, ки дастури ривоҷ додани бизнеси чаканафурўширо пеш мебаранд,чунки маҳдудиятҳои иттилоотии системаи Бонкиро новобаста аз миқёси шабакаи филиалӣ ё ҳачми амалиёт аз байн мебарад .
 

Ташкили системаи бехатарӣ

Таъмини мукаммалии мантиқии маълумотҳо
 
Мукаммалии маълумотҳо бо механизмҳои Системаи Идораи Базаи Маълумотҳо (СИБМ) кафолат дода мешавад. Мавҷуд набудани зиддиятҳо дар иттилооти бонкӣ бо он таъмин карда мешавад, ки модификатсия кардани маълумотҳо дар система танҳо тавассути амалиётҳои қайдшуда имконпазир аст, ба таври мустақим дохилшавӣ ба СИБМ барои корбарон манъ аст.
 
Идора кардани тартиби кори корбарон
 
Режими кори корбарон ва қоидаҳои ташаккули он, ҳамчуни тағйир додани паролҳо бо утилити системавӣ муайян карда мешавад, ки як қисми СИБМ Oracle мебошад.
 
Муайян кардани ҳуқуқи дохилшавии корбарон ба иттилоот
 
Системаи назорати дохилшавӣ ба ҳалҳо дар базаи Пойгоҳи 1 болосохти системаи назорати дохилшавӣ СИБМ Oracle мебошад. Вай аз рўи принтсипҳои зерин тартиб дода шудааст:
  1. Таъмин кардани дараҷаи зарурии тамос ва детализатсияи назорат дохилшавии корбарон ба захираҳои иттилоотии ситема.Барои ин ҳар гуна унсурҳои бизнес (амалиёт, ҳисобот, ҷадвал барои дидани маълумотҳо ва ғайра идентификатори худро дорад ва метавонад ба истифодакунанда ба таври инфиродӣ таъин гардад. Агар ба гурўҳи корбарон ҳуқуқҳои ягона зарур бошад, онҳо ба як гурўҳи функтсионалӣ дохил карда мешаванд;
  2. Амалӣ намудани системаи дохилшавӣ дар тарафи сервер мебошад, то ки истифодакунанда ба захираҳои иттилоотии Пойгоҳи 1 “берун” аз система назорат, таъминоти барномавии кории СИБМ Oracle истифода бурда дохил нашавад. Чои мизоҷии Пойгоҳи 1 тафовут дорад.
 
Мачаллаҳои тағйир додани маълумотҳо дар система
 
Аудити ҳаракатҳои корбарон дар система бо кўмаки маҷаллаҳои зерин ба амал меояд:
  1. Маҷаллаи иҷрои амалиёт. Ҳар гуна ҳаракатҳо модификатсия кардани маълумотҳо метавонад дар маҷалла акс ёбад, агар мудири модули бонкӣ онро барои дохил кардан ба маҷалла зарур донад.
  2. Тақсими ҳуқуқҳои корбарон
  3. Тағйир додани аҳамияти реквизитҳо.Ҳар гуна реквизити системаи бонкӣ метавонад ба мачалла дохил гардад. Дар чунин ҳолат тамоми таърихи тағйир додани моҳияти ҳамин реквизит нигоҳ дошта мешавад.
  4. Таърихи дигар кардани ҳолати объектҳо, дар навбати аввал ҳуҷҷатҳои вобаста ба гузаронидани пул. Маҷалла ба таври автоматикӣ бо функтсияҳои мутобиқи система пур карда мешавад. Он истифодакунандае, ки ҳаракатҳои онҳо ба журнал сабт мегардад, онҳоро аз маҷалла нест карда наметавонанд Тамоми маҷаллаҳо аломат (ё ки дарачаи) маҷаллагӣ доранд.
 
Истифодаи воситаҳои махсус барои ҳимоя кардани иттилоот 
  1. Ҳимояи криптографии иттилоот, ки дар каналҳои ичтимоӣ датраси умум буда дода шудани маълумотҳоро нишон медиҳад. Имконияти ҳимоя кардани ҳуҷҷатҳои дар дохили бонк буда бо кўмаки ИРЭ (системаи ДЭҲ-даврзании электронии ҳуҷҷатҳо).
  2. Истифода кардани кортҳои идентификатсионии мизоҷ.
  3. Имконияти бархўрди мос, ҳалли инфироди ва тавсияҳо оиди ташкили даврзании ҳуҷҷатҳо ба таври ҳимошуда мутобиқи эҳтиёҷ ва имкониятҳои Бонки муайян.
 
Имзои рақамии электронӣ
 
Барои истифода намудани Имзои рақамии электрони (ИРЭ) дар Барномаи амалиёти 1 Системаи назорати ҳуҷҷатҳои даврзанандаи электронӣ (ДЭҲ) ташкил шудааст. Системаи ДЕҲ контури дуюми ҳимояи иттилооти молиявиро ташкил менамояд, ҳангоми дохил шудани Мудир ба модели амалӣ гирифтани пеши роҳи суиистеъмол кардани Мудирро таъмин мекунад.
 
Дар барномаи амалиёти 1 Системаи ДЭҲ дар асоси регламенти ДЭҲ кор мекунад, вай шарти гузаштани ҳуҷҷатҳоро аз рўи давраҳои зиндагӣ, тағйир ёфтани ҳолати ҳуҷҷат дар ҷараёни кор карди онро қайд мекунад. Ба ҳар як ҳолати оянда ҳуҷҷат танҳо дар вақти мавҷуд будани шумораи зарурӣ ва кифоя кунандаи ИРЭ иштирокчиёни даврзании ҳуҷҷат мегузарад.
 
Ҳангоми кор кардан бо ҳуҷҷатҳо системаи ДЭҲ дар асоси мазмуни ҳуҷҷат ва калиди махфии истифодакунанда ИРЭи истифодакунанда (оператор/назоратчӣ/бухгалтер)ро ташаккул медиҳад. ИРЭ нафақат ба муқаррар кардани аниқкунии муаллифи ҳуҷҷат кафолат медиҳад, балки ҳуқуқи истифодакунандаро барои ба амал бароврдани ҳаракатҳои муайян дар Система тасдиқ менамояд: тартиб додани ҳуҷҷат, назорат, гузаронидани ҳуҷҷат.